Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар

Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар

Дар доираи нақша-чорабиниҳои донишгоҳ санаи 7-уми октябри соли равон бо иштироки Б.Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия ҷаласаи васеи падару модарони донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес баргузор гардид, ки дар он, кормандони раёсати тарбия, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академии факултет иштирок доштанд. 
Вохӯриро декани факултет А.Нурализода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, иштироки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон донишҷӯён ба он оварда мерасонад, ки ҳисси масъулиятшиносии онҳо баланд мегардад. Ҳамкорӣ бо волидайни донишҷӯён омили баландшавии сатҳу сифати таълиму тарбия мебошад. 
Баъдан Б.Қодирова, мовини ректор оид ба тарбия баромад намуда, вобаста ба шароитҳои мавҷуда дар донишгоҳ, инчунин интихоби дурусти касби худ дар шароити ҷаҳонишавӣ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқи фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар руҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо, вазифаи омӯзгорон ва падару модарон ва чиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори ақида намуд. 
Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳаммиятии онҳо содир намоянд. 
- Баланд бардоштани интизом ва сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот бояд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро пурзӯр намояд, чунки тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад. Риояи пӯшидани либосҳои тавсиявӣ, тақвияти худшиносии миллии бонувону духтарон, дурӣ ҷустан аз бегонапарастӣ ва пайвастшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ вазифаи на танҳо омӯзгор балки падару модарон низ мебошад,- гуфт зимни баромади худ сармутахассиси раёсати корҳои тарбия М.Давлатова. 
Дар анҷом аз ҷониби садорати факултет чанд нафар волидони донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доранд, бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. 


Тағоймурод Эшзода