Хабарҳо
Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст…
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30-юми сентябри соли равон дар маҷмааи варзишии «Қасри теннис»- и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои Ҷоми кушоди Раиси шаҳри Душанбе оид ба панкратион баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур донишҷуёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла Мақсудҷон Сатторов, донишҷӯи курси 4-уми факултети молия ва қарз дар вазни 77 кило сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Бояд қайд намоем, ки донишҷӯи ғолиби мо мунтазам зери роҳбарии Муҳаммадҷон Чакалов тамрин менамояд. Мо Мақсудҷон Сатторовро ба ин пирӯзиаш табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи варзишиаш музаффариятҳои навро таманно дорем.
Тағоймурод Эшзода