Хабарҳо
Китоб ганҷ, ҳикмат, ойина ва хазина аст
Инсон ва китоб. Ин ду мафҳумҳое мебошанд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ғайриимкон аст. Агар китоб набошад, инсон аз чӣ баҳра мегирад ва агар инсон набошад, кӣ китобро мутолиа мекунад. Ҳамин аст, ки тибқи нақшаи роҳбарияти Муассисаи нашриявии «Ирфон», имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намоиш ва фурӯши китобҳо доир гардид. Аз лаҳзаҳои аввали баргузории намоиш устодону донишҷӯён аз ин макон дидан намуда, ба худ китобҳои лозимаро дарёфт ва харидорӣ менамуданд.
Бино ба гуфтаи китобдори нашриёт Назира Ғуломова, имрӯз дар фурӯш китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар арсаи таърих», ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ, Лоиқ, Зебуниссо, Румӣ, Маснавии Мавлавӣ ва дигар китобҳо ба фурӯш гузошта шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд бемалол аз онҳо харидорӣ намоянд.
Дар ҳақиқат, китоб дӯст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон аст. Китоб ҳам дору ва ҳам дармони ҳама дардҳои маънавии инсон аст. Ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣ нуҳуфтааст. Ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Ойинаест, ки инсон тамоми камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонад. Хазинаест, ки тамаддуну маърифати миллати мо ва ҳама миллати сайёра дар оғӯшаш аст.
Бояд эътироф кард, ки баргузории як чунин чорабинии фурӯши китоб барои дӯстдорони шеъру адаб ва забони адабии тоҷикӣ басо ҷолиб буда, он барои тарбияи маънавии донишҷӯёну ҷавонони боистеъдод мусоидат менамояд.
Тағоймурод Эшзода