Хабарҳо
Баррасии усулҳои таҳкими давлатдории дунявӣ
Санаи 12-уми октябри соли 2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар донишгоҳ ҳамоиши илмию сиёсӣ зери унвони «Роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими давлатдории дунявӣ дар шароити нави таҳдидҳои ҷаҳонӣ" доир карда шуд. Зимни баргузории ҳамоиши мазкур Салихов Рустам, Сафаров Мутриб, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Ҳамоишро Ҷурахонзода Баҳодур, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим ифтитоҳ намуда, моҳият ва зарурати баргузории онро шарҳ дод. Мавсуф зимни баромади худ иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосир масъалаи ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботу осоиштагии давлат ва истиқлоли сиёсиву давлатдории миллӣ аз мавзуъҳои актуалӣ ва калидии фаъолияти сохторҳои пешбарандаи давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Зеро омӯзиши таърихи башарӣ бозгӯи он аст, ки мавҷудияти суботу осоиштагӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли сиёсиву якпорчагии давлат омили калидии таҳкими пойдорӣ ва рушду инкишофи давлатҳо гардидааст.
Сипас, Салихов Рустам оид ба «Афзалияти ҷаҳонии дунявӣ ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ» маъруза намуда, баён дошт, ки омӯзиши зуҳуроти номатлубу хусусияти ҷиноидошта нишон медиҳад, ки дар ҷомеаҳое, ки ҷаҳонибинии дунявӣ инкишоф наёфтааст, фаъолшавии ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундрав, ки меҳвари фаъолияташонро амалҳои хусусияти экстремистию террористидошта дар бар мегирад, ба назар мерасад. Раванди фаъолшавии ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ноустувории сиёсиву идеологиро ба миён оварда, боиси сар задани моҷарову низоъҳо ва аз байн рафтани устувории давлатҳои миллӣ мегардад, ки мисоли воқеъии он дар вазъи кунунии баъзе кишварҳои ҳамсоя ва мамлакатҳои Ховари Миёнаву Африқо мушоҳида мешавад.
Маърузакунанда иброз дошт, ки имрӯз аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар асоси қарорҳои дахлдори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шинохта шуда, фаъолияташон дар кишвари мо манъ карда шудааст, аз тариқи шабакаҳои иттилоотӣ маводи характери иртиҷоиву радикалидоштаро паҳн намуда, иддае аз ҷавонони мафкураи сиёсиву ҳуқуқӣ ва маърифати ҷамъиятиву худшиносии миллиашон чандон рушднаёфтаро ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб менамоянд.
Дар идома Ҷамрод Бобоев, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ вобаста ба моҳияти фаъолияти ҳаракатҳои иртиҷоӣ сухан ронда, иброз дошт, ки хавфноктарин зуҳуроти замони нав ин ташаккулёбии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ба шумор меравад. Зеро мавҷудият ва фаъолияти онҳо метавонад нигоҳи созандаву бунёдкоронаи ҷомеаро, ки дар асоси андешаҳои милливу давлатӣ ташаккул меёбанд, аз байн бурда, мафкураи ифротиандеширо ба миён оварад.
Сипас Давлатзода Абдулло, сардори раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ доир ба рушду ташаккули ҷаҳонбинии дунявӣ ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ андешаронӣ карда, гуфт, ки миллати тоҷик баъд аз ҳазорсолаҳои тарихӣ бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонанги худ ба истиқлоли давлатӣ расида, зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳилаи мураккаб як Тоҷикистони мутамарказ ва рӯ ба рушдро сохта истодааст. Мавсуф баён дошт, ки ҷаҳонбинии дунявӣ ва низоми демократӣ метавонад ҷомеаро ба сӯи илму инноватсия, рушди низоми давлатдории миллӣ, ташаккули афкори миллӣ ва ватандӯстиву миллатдӯстӣ раҳнамун сохта, давлатро дар роҳи рушду инкишоф устуворона ба сӯи ояндаи дурахшон равона намояд.
Ҳамин тавр, дар охир музокираҳо сурат гирифт. Бояд гуфт, ки ташкили чунин ҳамоишу суҳбатҳои судманд бо намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.