Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфил бахшида ба мавқеи забон

Маҳфил бахшида ба мавқеи забон

Тибқи нақшаи кории кафедраи забони тоҷикӣ ва раёсати илм ва инноватсия, бахшуда ба Рӯзи забон маҳфили илмӣ-адабии умумидонишгоҳии «Сайри сухан» баргузор гардид. 
Сараввал сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева ба ифтихори Рӯзи забон иштирокчиёни маҳфил ва аҳли нишастро табрик намуда, қайд кард, ки забон ҳастии ҳар як миллат ва рукни муҳими ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Забон дар ҳамаи давру замонҳо сарчашмаи истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккул мебошад. Забони тоҷикӣ аз зумраи забонҳои ширину гуворо ва бою пурғановат буда, дар байни забонҳои дигар мақоми шоиста дорад. 
Роҳбари маҳфили илмӣ-адабии умумидонишгоҳӣ «Сайри сухан» Ҷумъа Махшул иброз дошт, ки забон мақоми умумихалқӣ дорад ва барои аҳли ҷомеа баробар хизмат мекунад. Аз ин рӯ, донишҷӯёнро мебояд дар муассисаҳои олӣ бо забони адабӣ суханронӣ карда, одоби муоширатро риоя намоянд. 
Сипас, донишҷӯён: Муниса Ғаюрова, Юсуф Талабов ва Шукрона Тошбекова бо шеърҳои тозаэҷоди худ хотири ҳозиринро болида гардониданд. Дар охир аз тарафи роҳбари маҳфил ба фаъолон сипосномаҳои ректори донишгоҳ тақдим гардид. 


Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия