Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мақсад - рушди соҳаи саноат

Мақсад - рушди соҳаи саноат

Санаи 14-уми октябри соли равон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати кишвар - ҳамчун омили муҳими таъмини устувори иқтисодиёт” баргузор гардид. Онро муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар тамоми дунё асоси рушди иқтисодиёти онҳоро соҳибкории истеҳсолӣ ташкил медиҳад. 
Баъдан профессори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳ. Фақеров, муаллими калони ин кафедра М. Нурублоева ва сардори раёсати саноати сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Юнусов баромад намуданд. 
Гуфта шуд, ки дар шароити имрӯза соҳаи саноат аз соҳаи муҳимми иқтисоди миллӣ мансуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, Роҳбари давлат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намудаанд. 
Татбиқи ин вазифаи муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад. Дар охир саволу ҷавоб доир гардид. Аз ин ҷамъомад устодон ва донишҷӯён ба худ як ҷаҳон таассурот бардоштанд. 


Тағоймурод Эшзода