Хабарҳо
Тақвияти худшиносии миллӣ дар байни донишҷӯдухтарон
Дар доираи силсилавохӯриҳои раёсати корҳои тарбиявӣ имрӯзҳо миёни донишҷӯдухтарони донишгоҳ суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати тақвияти худшиносии миллӣ, фарҳангу анъанаҳои бегона, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва амалҳои хусусияти экстремистиву террористидошта доир гардида истодааст. Ҷавонони моро, бахусус ҷавондухтаронро мебояд бештар ба илму адаб, варзиш, касбомӯзӣ эътибор дода, осори таърихии аҷдодонамонро барои такмили донишу ҷаҳонбинии худ истифода баранд ва барои беҳбудии зиндагии миллат ва ободии диёр содиқона хизмат намоянд.
Мо ба ин назар ҳастем, ки мавҷудияти таълимоти ғайрирасмии динӣ ва рӯ овардани ҷомеа ба фарҳанги бегона омили рушди амалҳои хусусияти ифротгароӣ гардида, заминаҳои ҷиддиеро барои ташаккули экстремизм ва терроризм муҳайё менамояд. Аммо дар шароите, ки ҳифзи суботу осоиштагии кишвар барои мо ба унвони беҳтарин масъалаҳои давлатдории миллиамон маҳсуб меёбад, уҳдадории ҳар як фард ва ҳама сохторҳои пешбарандаи ҷомеа дар он аст, ки бо зуҳуроти номатлуб, ба монанди таълимоти ғайрирасмии динӣ ва экстремизму терроризм муборизаҳои ҷиддиву фаъол барем. Аз сӯи дигар, тарбияи ҷомеаро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ба унсури меҳварии ҳаёти худ табдил диҳем. Зеро ба ҳамин восита мо метавонем дар роҳи муқовимат бо экстремизм ва терроризм муваффақ гардем.
Баргузор намудани чунин суҳбату вохӯриҳо ва чорабиниҳои муфид барои тақвияти худшиносии миллии донишҷӯён, бахусус донишҷӯдухтарон дар риояи фарҳанги миллӣ, расму оинҳо мусоидат менамояд.
Таҳмина Умаралиева, раиси Шурои занон ва донишҷӯдухтарон