Хабарҳо
Вохӯрии самимии садорати факултет бо волидайн
Масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудан, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо вазифаи устодон ва падару модарон мебошад. Ҳамчунин, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» санаи 14-уми октябри соли равон дар донишгоҳ бо иштироки кормандони раёсати тарбия ва доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курсҳои якум-чоруми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси миллӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан зарур мебошад. Ба ғайр аз ин, таъкид гардид, ки донишҷӯёнро мебояд ба масъалаи фарҳангу этикаи либоси милливу тавсиягардида, фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ ва эҳтиром ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд. Дар баробари ин, кормандони раёсати тарбия ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданро зарур донистанд.
Дар охир декани факултет София Темурбекова қайд намуд, ки дар таълимгоҳ тамоми шароитҳо барои таҳсил муҳайёст ва аз он ба таври васеъ истифода бурда, бо гирифтани донишҳои замонавӣ метавон ҷаҳонбинии илмиро васеъ кард. Чунин тарзи муносибат ва амал барои мутахассиси хубу муосир ва рақобатпазир будан дар бозори меҳнат имконият медиҳад. Ҳамчунин, дар ҳузури волидайн ва устодон бо истифода аз тахтаи электронии толор наворҳое, ки аз тарафи эдвайзер оид ба тарбияи факултет ҷиҳати давомот дар машғулиятҳо, дар вақти дарс ба телефонбозӣ машғул шудани донишҷӯён, пӯшидани сару либоси ғайритавсиявӣ, дар дохили донишгоҳ машғул шудан ба корҳои ғайр ва ба машғулиятҳо дер омадани донишҷӯён омода карда шуда буданд, нишон дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз тарафи садорати факултет ба чанд нафар волидони донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доштанд, сипосномаҳо тақдим гардид.
Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт