Хабарҳо
Фаъолияти кураторони факулта баррасӣ шуд
Бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес дар ҳамкорӣ бо шурои кураторони донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Низомномаи шурои кураторон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, санаи 17-уми октябри соли 2023 бо иштироки кураторони факултет ҷаласа доир гардид. Дар он декани факултет А.Нурализода, раиси шурои кураторони донишгоҳ М.Давлатова, мудирони кафедраҳо ва кураторони факултет иштирок намуданд.
Декани факултет дар баромади худ зикр намуд, ки дар шароити имрӯза тамоми кураторони гурӯҳҳои академии факултетро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию пос доштани муқаддасоти миллӣ дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ корҳоро пурзӯр ва ҷоннок намоянд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дарсҳои сиёсиро ба роҳ монем, яъне кураторони гурӯҳҳои академӣ метавонанд вобаста ба ихтисоси гурӯҳ онҳоро ба ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ бобати ошноӣ бо раванди кор сафарбар намоянд. Сипас, М.Давлатова баромад намуда, дар бораи сифати дарсҳои тарбиявӣ изҳори андеша карда, ба талаботи низомномаи кураторӣ ҷавобгӯ набудани онҳоро махсус таъкид дошт. Аз тамоми кураторон даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолиятро дар асоси низомномаи мазкур ба роҳ монанд.
Дар охир аз тарафи садорати факултет бобати ҳуҷҷатгузорӣ ва сару либоси тавсиявии донишҷӯён ба кураторон тавсияҳо дода шуд.
Бахтовар Давлатов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес