Хабарҳо
Меҳргон-ҷашни бузурги аҷдодони мост
Санаи 18-уми октябри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия, раёсати корҳои тарбиявӣ ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ мизи мудаввари умумидонишгоҳӣ дар мавзуи «Меҳргон ёдгоре аз фарҳанги ниёгон» баргузор гардид.
Муовини ректор оид ба илм Б.Сафаров дар оғоз қайд намуд, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои бузургтарини суннатии мардуми форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, дорои хусусиятҳои хос мебошад. Мардум ин ҷашнро хеле дӯст медоранд ва ботантана таҷлил менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар ашъори шоирони гузашта А.Рӯдакӣ, А.Берунӣ ва А.Фирдавсӣ аз ин ҷашни мардумӣ хеле зиёд ёд шудааст.
Баъдан устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дотсент Қ. Ҳомидова дар мавзуи «Меҳргон-ҷашни миллии ниёгон» ва ассистент А.Маҳмудов дар мавзуи «Анъана ва хусусиятҳои ҷашни Меҳргон» суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдодони мо ба ҳисоб меравад. Иди Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё гардид.
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Бояд ёдовар шуд, ки ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 дар тамоми гӯшаву канори кишварамон ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ ва дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил мегардад.
Тағоймурод Эшзода