Хабарҳо
«Дастони моҳир» истеъдодҳоро кашф мекунад
Бо дастури ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода, аз ҷониби раёсати корҳои тарбиявӣ санаи 17-уми октябр дар хобгоҳи донишҷӯён маҳфили “Дастони моҳир” доир гардид.
Дар он доираи васеи донишҷӯдухтарон аз шаш факултет ҷалб гардиданд. Ба онҳо аз ҷониби масъулини раёсати корҳои тарбиявӣ моҳияти ин чорабинӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд. Қайд гардид, ки маҳфил ба хотири ташаккули маърифати эҷодкорӣ ва завқи истеъдодҳо роҳандозӣ гардида, ба воситаи он донишҷӯдухтарон ба касбомӯзиву ҳунармандӣ ҷалб карда мешаванд.
Баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ барои донишҷӯён бисёр муфид буда, баҳри ташаккули маърифати оиладорӣ ва омодашавӣ ба ҳаёти мустақилона, тақвияти ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, ҳисси баланди меҳнатдӯстию хештаншиносӣ, пешгирӣ аз фарҳанги бегонапарастӣ мусоидат менамояд.
Дар назар аст, ки маҳфил ба таври доимӣ амал намуда, он дар ташаккули ҳисси ҳунармандии донишҷӯдухтарони донишгоҳ мусоидат менамояд.
М. Давлатова, раиси шурои кураторони донишгоҳ