Хабарҳо
Иқдоми шоиста: Тақдими китоб ва тарғиби китобхонӣ
Бо ибтикори садорати факултети иқтисод ва бизнес, бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ ва тарғиби дониш, санаи 18-уми октябри соли равон дар хобгоҳи донишгоҳ ҷамъомад баргузор гардид. Баъди аз наздик ошно гардидан ба шароити зисту зиндагонии донишҷӯён ба онҳо китобҳо тақдим карда шуд.
Сараввал, декани факултет А. Нурализода дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон ба воситаи мутолиаи китоб изҳори андеша намуд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки аҷдодони мо аз қадим бо китобу китобхонӣ арҷ гузошта, онро муқаддас медонистанд ва ин анъана то ба имрӯзҳо омада расидааст.
Дар ҷамъомади мазкур, инчунин муовинони декан оид ба таълиму тарбия иштирок намуда, дар бораи муҳимияти китобу китобхонӣ бо истифода аз слайд ва дигар асбобҳои аёнӣ баромад намуданд, ки хеле диққатҷалбкунанда буд.
Бахтовар Давлатзода, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес