Хабарҳо
Дарси амалӣ барои мутахассисони оянда
Бо ибтикори кафедраҳои назарияи иқтисодӣ ва фаъолияти гумрукии донишгоҳ санаи 18-уми октябри соли равон аз тарафи роҳбари маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ» Насриддинов Ф.Б. бо иштироки донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси фаъолияти гумрукӣ аз фанни «Системаи назорати содиротӣ» бо истифодаи видеороликҳо машғулият баргузор гардид.
Мавсуф бо мисолҳо ва далелҳои мушаххас моҳият ва мафҳумҳои асосии назорати содиротӣ, таъмини амният ва сулҳи байналмилалиро шарҳ дода, қайд намуд, ки мақсади асосии назорати содирот таъмини амният мебошад.
Дар охир Ф.Насриддинов роҷеъ ба рӯзмарра будани мавзуи муҳокимашуда ва зарурати ташкили чунин видеодарсҳо, аҳаммияту таъсири он дар боло бурдани савияи дониши донишҷӯён сухан ронда, қайд намуд, ки гузаронидани чунин курсҳо имкон медиҳад, ки мутахассисони ояндаи соҳаи гумрук донишҳои амалии худро сайқал диҳанд ва ҳамчун кадри рақобатпазир ва серталаб дар бозори меҳнат тарбия ёбанд.
Тағоймурод Эшзода