Хабарҳо
Такмили низоми фаъолияти коргузорон
Яке аз масъалаҳои меҳварии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолияти дурусти коргузорон мебошад. Аммо баҳри ташаккулу такмили фаъолияти онҳо мебояд маърифати коргузории онҳо густариш дода шавад. Дар ин доира, санаи 18-уми октябри соли ҷорӣ семинари машваратӣ-омӯзишӣ миёни коргузорони сохторҳои таркибии ДДМИТ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Б. Қодирова, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода ва масъулини раёсат доир гардид.
Дар ин семинар масъалаҳои маърифати меҳнатӣ, риояи дастурамали кории кормандон ва иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳои воридотиву иҷроишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки масъалаи фаъолияти коргузорон минбаъд низ ба таври пайваста назорат ва танзим карда шуда, такмили фаъолияти онҳо дуруст роҳандозӣ карда мешавад.
Таҳмина Умаралиева, раиси шурои занон ва донишҷӯдухтарон