Хабарҳо
Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!
Таҳти ҳамин унвон санаи 19-уми октябри соли равон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон дар майдончаи варзишии донишгоҳ бо иштироки бошандагони хобгоҳи №2 машқи пагоҳирӯзӣ доир гардид.
Мақсади асосии чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ тарзи ҳаёти солим ва дар ҳамин замина, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ мунтазам бо ҷалби бештари донишҷӯёни факултетҳо чунин чорабиниҳоро ба роҳ монда истодааст. Ин иқдом аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, сарчашма мегирад. Тибқи таъкиди Роҳбари давлат: «Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем».
Ҷовидон Халифазода, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ