Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шанбегӣ дар донишгоҳ

Шанбегӣ дар донишгоҳ

Бо мақсади ободу зебо гардонидани саҳни донишгоҳ, ҳифз намудани табиати зебо, тозаю озода нигоҳ доштани роҳравҳо, гулгашту майдонҳо дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳашарҳо ва корҳои ободонӣ мунтазам гузаронида мешаванд. 
Бо ҳамин мақсад, санаи 21-уми октябри соли равон аз тарафи кормандони бахши хоҷагидории донишгоҳ шанбегӣ ташкил гардид. Бино ба иттилои масъулини Раёсати хоҷагидории донишгоҳ, дар рафти гузаронидани маъракаи мазкур гирду атрофи майдонҳо рӯбучин ва бехи ниҳолу буттаҳо нарм карда шуда, ба онҳо нуриҳои иловагӣ дода шуданд. 
Ҳамчунин, дар рафти гузаронидани шанбегӣ ҷӯйборҳои обгузар ва гузаргоҳҳо аз партовҳо тоза ва бехи дарахту буттаҳоро нарм карданд. 


Тағоймурод Эшзода