Хабарҳо
Тақвияти ҳамкориҳои донишгоҳ бо волидони донишҷӯён
Санаи 21-уми октябри соли равон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар донишгоҳ ҳамоиши тарбиявӣ-маърифатӣ зери унвони «Нақши волидайн дар таҳкими донишандӯзии донишҷӯён» бо иштироки доираи васеи падару модарони донишҷӯёни факултети молия ва қарз баргузор гардид. Сараввал, декани факултет Давронҷон Хоҷазода баромад намуда, волидони донишҷӯёнро барои ташриф овардан ба донишгоҳ хайра мақдам гуфт ва қайд намуд, ки дар ҳақиқат масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар руҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо вазифаи якҷояи омӯзгорон ва падару модарон мебошад.
Муовини ректор оид ба тарбия Б.Қодирова дар баромади худ қайд намуд, ки тарбия аз оила сар мешавад ва инсони бетарбия зиёнкори ҷамъият мешавад. Донишҷӯёнро мебояд ба масъалаҳои фарҳанги либоспӯшӣ, фаъолияти ҳамаҷониба ва таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва эҳтиром ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд.
Сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими донишгоҳ А.Муллоҷонов баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ, ба монанди маҷлиси падару модаронро саривақтӣ дониста, қайд намуд, ки имрӯз тарбия кардани донишҷӯ бисёр душвор шудааст ва мо дар якҷоягӣ метавонем ин монеаро бартараф намоем.
А.Давлатзода сардори раёсати корҳои тарбияии донишгоҳ дар баромади худ қайд намуд, ки баъзе волидайн барои фарзандонашон телефонҳои қимматбаҳо мехаранд, аммо назорат намекунанд, ки фарзандашон китоб дорад ё не ва ё китоб мехонад ё не. Ба ҷавонон падару модар роҳи зиндагиро меомӯзонад ва дар таълиму тарбияи ӯ масъуланд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ ҳамин чизро талаб менамояд. Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки моро зарур аст фарзандонамонро дар руҳияи ахлоқ, фаросат ва фарҳанги тоҷикона тарбия намоем.
Раиси шурои кураторони донишгоҳ М.Давлатова, дар баромади худ таъкид кард, ки тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданро зарур донист.
Дар анҷоми ҳамоиш волидони донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доранд, бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Самариддини Шоҳназар, эдвайзер оид ба тарбияи факултети молия ва қарз