Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Кушодашавии даври аввали олимпиада дар донишгоҳ

Кушодашавии даври аввали олимпиада дар донишгоҳ

Санаи 23-юми октябри соли равон дар донишгоҳ маросими кушодашавии даври аввали олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ баргузор гардид. Онро муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров ифтитоҳ намуд. Дар маросими кушодашавӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ф. Қодиров, сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева, дигар аъзои комиссия, муовинони деканҳои факултетҳо оид ба илм ва мудирони кафедраҳои дахлдор ширкат варзиданд. 
Зимни ифтитоҳи даври аввали олимпиада Б. Сафаров иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти баргузории олимпиадаҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар ин самт сол то сол ба натиҷаҳои назаррас ҳам ноил мегардад. Натиҷа низ дар ин ҷода назаррас аст, ки ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои дахлдор аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадрдонӣ мегарданд. 
Ӯ дар идома қайд кард, ки даври якуми баргузории олимпиада бо фармоиши ректори ДДМИТ аз 23-юм то 28-уми октябри соли равон ва даври дуюми он аз санаи 19-уми феврал то 24-уми феврали соли 2024 баргузор мегардад. Дар айни замон, дар даври аввал 435 нафар донишҷӯ аз 14 фанни таълимӣ иштирок менамоянд ва ғолибони даври аввал метавонанд дар даври дуюм низ иштирок намоянд. 


Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия