Хабарҳо
Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ
Таҳти ин унвон шоми 24-уми октябр, бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати корҳои тарбиявӣ дар ҳамбастагӣ бо садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ миёни истиқоматкунандагони хобгоҳи №1-и донишгоҳ дарси тарбиявӣ-сиёсӣ доир гардид. Дар он сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷовидон Халифазода, эдвайзер оид ба тарбияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Фатҳуло Муъминов ва мудири кафедраи менеҷмент Илҳомиддин Неъматов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлати ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон суханронӣ карданд. Инчунин, доир ба пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз қабили гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-модар, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз изҳори андеша карда шуд.
Дар охир саволу ҷавоб доир гардида, ҳамзамон аз ҷониби масъулон ба китобхонаи хобгоҳ 20 китоби илмию бадеӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, масъулин баъд аз фарҷом аз ҳолати будубош, китобу китобхонӣ, назорати тозагии ҳуҷраҳо ва ороиши гӯшаҳои девории хобгоҳ дидан намуданд.
Тағоймурод Эшзода