Хабарҳо
Суғуртакунӣ - яке аз усулҳои идоракунии хавфҳо
Ҳамасола 31-уми октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи пасандоз қайд карда мешавад. Дар ДДМИТ низ ба ин муносибат семинари илмӣ-омӯзишии молиявӣ дар мавзуи «Маърифати молиявӣ ва Рӯзи пасандоз» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён доир гардид. Дар он Ҷӯрабек Ҷӯраев, муовини аввали директори генералии Ташкилоти суғуртавии «Муин» ва Холниёз Исматуллоев, муовини директори генералӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ин ташкилот ширкат намуданд. Нахуст, муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҳозирин даъват ба амал овард, то ки дар муколама ва муҳокимаи мавзуи баррасишаванда фаъол бошанд.
Гуфта шуд, ки омили асосии муваффақияти ҳама гуна ташкилотҳо ин қобилияти дар вақташ ҳаллу фасл намудани масоили бавуҷудомада мебошад. Ҷавоби бисёр масъалаҳое, ки тиҷорати замонавӣ дучор мегардад, суғуртакунонӣ буда, яке аз усулҳои асосии идоракунии хавфҳо дар амалияи ҷаҳонӣ ҳисоб меёбад ва имрӯз дар кишвари мо низ ба таври васеъ паҳн гардида истодааст. Айни ҳол Ташкилоти суғуртавии «Муин» иштирокчии фаъоли бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз нигоҳи дороиҳои молиявӣ яке аз ташкилоти босуботи суғуртавии Тоҷикистон буда, бо даҳ намуди суғурта, аз қабили тиббӣ, сафаркунандагон ба кишвари хориҷа, аз ҳодисаҳои нохуш, аз ҳодисаҳои ёрии таъҷилии ҷарроҳӣ, амволи шахсони ҳуқуқӣ, амволи шаҳрвандон, ҳавлиҳо ва хонаҳои истиқоматӣ, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва масъулияти шаҳрвандии соҳибони онҳо, борҳо ва боркашонӣ, сайёҳон, мусофирон ва суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ хизматрасонӣ дорад.
Қобили қайд аст, ки ташкилотҳои суғуртавии дар ҷумҳурӣ амалкунанда барои ғанӣ гардонидани буҷети давлат саҳми арзанда мегузоранд. Донишҷӯён аз ин семинар ба худ таассуроти нек бардоштанд.
Бахтовар Давлатов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес