Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Озмуни дохилидонишгоҳии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат»

Озмуни дохилидонишгоҳии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат»

Бо мақсади арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ, сулҳ ва ризояти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни устодон, унвонҷӯён, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯёни ДДМИТ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон озмуни дохилидонишгоҳӣ, таҳти унвони «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор гардид. 
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров оғоз карда, зикр намуд, ки Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раӽмон аз зумраи он абармардони дунёи сиёсат ва роҳбароне ба ӽисоб меравад, ки бо интихоби халқ Сарварии мамлакатро ба уӽда гирифта, дӯстдори халқ гардидааст. Бузургтарин хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раӽмон дар он аст, ки давлати тоҷиконро аз парокандашавӣ эмин нигоӽ дошта, барои тоҷикон сулҳ оварданд.
- Мазмуну муҳтавои асарҳои Пешвои миллат хотирнишон аз он мекунанд, ки ҳар насл ва ҳар фарди алоҳида занҷирае дар таърихи башарият аст, ки тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда мепайвандад. Ҳамин тариқ, ҳамаи мову шуморо зарур аст, доимо асарҳои пурмазмуну таърихии Пешвои миллатро мутолеа намоем, - афзуд баромадкунанда. 
Дар идома дотсенти кафераи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров зикр кард, ки ҳар як асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли имрӯзу фардоро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия менамояд. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихӣ дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши басо бузургу шоиста доранд. Мутолеа намудани асарҳои Пешвои миллат дар мавриди тарбияи ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо густариш додани худшиносии миллӣ ва ватанпарварию ваҳдатгароӣ беназир аст. 
Натиҷаи озмун 28-уми октябри соли равон муайян карда мешавад. 


Е. Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия