Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тоҷикона мепӯшем

Тоҷикона мепӯшем

Таҳти ҳамин унвон санаи 27-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявӣ вобаста ба пешгирии тамоюли рӯй овардани ҷомеа ба бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занон ва духтарон аксияи тарғиботӣ доир гардид. 
Либоси миллӣ муаррифгари фарҳанги ҳар як миллати мутамаддин мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун рамзи арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни давлатҳо маҳсуб меёбад. Вале имрӯз фарҳанги либоспӯшии мо коста шуда, ба яке аз мавзуъҳои баҳснок табдил ёфтааст. 
Миллати тоҷик фарҳанги либоспӯшии хеле бойи зебоиофар дорад, ки аз решаҳои амиқи таърихӣ сарчашма мегирад. Бонувони тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллӣ мебошанд ва онҳоро мебояд, ки либоси миллиро бештар эҳтиром карда, ба ҷаҳониён фарҳанги худро муаррифӣ намоянд. 
Бояд гуфт, ки масъалаи худшиносии миллӣ, муаррифии либосҳои миллӣ ва дар баробари ин, риояи талаботи дастурамали либосҳои тавсиявӣ ҳамеша дар мадди назари раёсати донишгоҳ қарор дорад ва баргузории ин қабил тадбирҳо саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегарданд. 


Тахмина Умаралиева, раиси шурои занон ва донишҷӯдухтарон