Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баҳри зиракии сиёсии ҷавонон

Баҳри зиракии сиёсии ҷавонон

Рӯзи 27-юми октябр бо мақсади тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, раёсати корҳои тарбиявии ДДМИТ вохӯрии донишҷӯёни факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодиро бо кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамяроқ» доир намуд. Нахуст, вохӯриро устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов оғоз намуда, иброз дошт, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Бинобар ин, вазифаи падару модарон, омӯзгорон ва ҳар як фарди худшиносу ватандӯст ин аст, ки ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. 
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамяроқ» Сайдаҳмад Давлатов ва дигар аъзои ин ташкилот дар бораи ватандӯстӣ, уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ, шараф будани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳувияти миллӣ, одобу ахлоқи ҷавонон, худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон ибрози андеша намуданд. 
Декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Б. Сатторзода иброз дошт, ки ҷавонони моро месазад, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан саҳмгузор бошанд. 
Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ назари худро перомуни мавзуъҳои фавқуззикр баён намуда, дар бораи дастгирии ҷавонон, ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва тақвияти масъулиятдории онҳо изҳори андеша намуд. 


Тағоймурод Эшзода