Хабарҳо
Ҳадаф: эҳтиром ба арзишҳои миллӣ
Бо ибтикори садорати факултети молия ва қарз дар ҳамбастагӣ бо Раёсати корҳои тарбиявӣ, санаи 27 октябри соли равон ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ дар робита ба баланд бардории завқи китобхонии донишҷӯён, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» ба донишҷӯёни факултети мазкур, ки дар хобгоҳҳои донишгоҳ иқомат доранд, вохӯрии судманд доир гардид.
Декани факултет Давронҷон Хоҷазода дар бораи фарогири мавзуъҳои таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа суханронӣ намуд. Масъалаҳои матраҳшаванда барои пешрафти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, ифтихори ватандорӣ, ғурури миллӣ ва ташаккули худшиносии миллии онҳо мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, масъалаи истифодабарии технологияи иттилоотӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода шуда, маърифати техникиву иттилоотӣ ва фарҳанги истифодаи сомонаҳои иттилоотиву иҷтимоӣ аз тарафи донишҷӯён густариш дода шуд.
Зарур шумориданд, ки ҷадвали батанзимдарории истифодаи вақт барои донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳ таҳия гардида, мувофиқи он донишҷӯён ба истифодаи самараноки вақт водор карда шаванд.
Мақсад аз вохӯрӣ, пеша аз ҳама донишҷӯёнро дар руҳияи китобу китобхонӣ, ба ин васила, дар зеҳни онҳо ташаккул додани худшиносию худогоҳӣ, меҳанпарастию ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Тағоймурод Эшзода