Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омилҳои ғайрииқтисодии рушди иқтисод

Омилҳои ғайрииқтисодии рушди иқтисод

Бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ, санаи 28-уми октябр маҳфили умумидонишгоҳии «Коршиноси иқтисодӣ» дар мавзуи «Омилҳои ғайрииқтисодии рушди иқтисод» бо иштироки доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров доир гардид. 
Гуфта шуд, ки роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуқтаи муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонад дар шароити мураккабу буҳрони ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунад, онро боз ҳам обод намояд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.
- Мо барои ояндаи неки мардумамон, бо хотири тақвияти иқтидори иқтисодии давлатамон, ободии Ватанамон ва муҳимтар аз ҳама, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон пойдевори мустаҳкам гузоштем, - гуфт баромадкунанда. 
Дар музокира С. Маҳдиев ва И. Аминов андешаҳои хешро баён намуданд. 
Дар охир сардори маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ», мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, профессор Ф. Насриддинов роҷеъ ба рӯзмарра будани мавзуи муҳокимашуда ва зарурати ташкили маҳфили умумидонишгоҳии «Коршиноси иқтисодӣ» ва аҳаммияту таъсири он дар боло бурдани маърифати устодон ва донишҷӯён таклифҳои судманд ироа намуд. 


Тағоймурод Эшзода