Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Идоракунандаи фаъолияти кормандон тавассути технологияҳои компютерӣ

Идоракунандаи фаъолияти кормандон тавассути технологияҳои компютерӣ

Дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишгоҳ санаи 28-уми октябри соли равон дар мавзӯи “Идоракунии фаъолияти кормандон дар муассисаҳо ба воситаи технологияҳои иттилоотии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳфили “Зеҳн” баргузор намуд. Дар он сардори шуъбаи хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадрасул Қурбонов иштирок ва баромад намуд. 
Сараввал декани факултет С.Темурбекова маҳфилро кушода, қайд намуд, ки мавзӯи баррасишаванда ба зеҳни сунъӣ рабт дошта, дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои муҳим дар самти рақамикунонӣ мебошад. Дар робита ба тағйиротҳои рақамӣ, ки дар шароити муосир ба амал меоянд, пайдоиш ва истифодаи технологияҳои муосир тамоюли афзоиш гирифта, системаҳои интеллектуалӣ метавонанд дар шароити имрӯза фаъолияти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқро самараноктар гардонанд. Бинобар ин, иқтисоди рақамӣ асоси тамоми низоми ҳукумат, иқтисод, моделҳои нави бизнес, инчунин асоси инқилоби чоруми саноатӣ мебошад, ки дар заминаи он зеҳни сунъӣ ҳамчун омили асосӣ баромад мекунад. 
Сипас, Маҳмадрасул Қурбонов дар баромади худ қайд кард, ки дар ҷомеаи имрӯза, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои худкорсозии соҳаҳо, ба монанди логистика, баҳисобгирӣ, истеҳсолот яке аз шартҳои пешбурди соҳаи тиҷорат мебошад, ки афзоиши меҳнатро тавассути суръатбахшии ҷараёни кор метезонад. Дар ҷаҳони муосир нақши технологияҳои иттилоотӣ, воситаҳои коркард, интиқол ва ҷамъоварии иттилоот бебаҳо мебошад. Технологияҳои компютерӣ ҳоло бештар иқтидори илмию техникии кишвар, сатҳи рушди иқтисодиёти миллии он, тарзи ҳаёт ва фаъолияти инсонро муайян менамояд. Тавре М.Қурбонов қайд кард, технологияи шинохти чеҳра дар оянда мушкилоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раёсатҳои кадр барои идора намудани реҷаи корӣ, қайди омаду рафт, муайян намудани шахсият, гузаргоҳҳои гумрукӣ, муқоисаҳои шиносномаҳои биометрӣ ва ғайраро осон менамояд, вале баъзе масъалаҳои ҳифзи иттилоотро дар хатар мегузорад. 
Дар музокира дотсентон У.Воҳидов, М.Нусратзода, М.Раҳмонзода ва М.Аламшоева баромад намуданд. Дар анҷом аз тарафи баромадкунанда ба саволҳои зиёди дар атрофи мавзӯъ пешниҳодгардида бо мисолҳои мушаххас ҷавобҳои саҳеҳ дода шуданд. 


У.Воҳидов, муовини декан оид ба илм