Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Китоб ганҷинаи ҳастӣ ва роҳкушои инсон аст

Китоб ганҷинаи ҳастӣ ва роҳкушои инсон аст

Бо мақсади иштироки фаъолонаи магистрантон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии онҳо, таҳким бахшидан ба тарбияи иқтисодию молиявӣ, ҷалби бештари эшон ба китобхонӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, дарёфт ва ҳавасмандгардонии шахсони лаёқатманд ва бо ин васила тарбия намудани кадрҳои баландихтисос санаи 30-уми октябри соли равон як гурӯҳ магистрантони соли аввали Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба китобхонаи илмии донишгоҳ ташриф оварда, аъзо ва бо шароитҳои хизматрасонии он аз наздик шинос шуданд. 
Бино ба иттилои директори Китобхонаи илмии донишгоҳ Абдуқаюм Юнусов соли равон китобхонаи мо дар байни 62 китобхона сазовори ҷои дуввум гардида, соҳиби ҷоиза ва диплом гардид. Имрӯз дар китобхонаи илмии донишгоҳ 2 нафар китобдори калон, 3 китобдор, 1 китобшинос ва 1 нафар сармутахассиси китобхонаи электронӣ ба хонандагон хизмат мерасонанд. Айни ҳол китобхонаи илмии донишгоҳ дорои толори хониши барҳаво буда, барои 200 нафар ҷойи нишаст дорад ва фонди умумии китобҳо 113 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 870 ҳазор китобҳои электронӣ дар хизмати ташнагони илму маърифат қарор доранд. 
Дар ҳақиқат, китоб беҳтарин ганҷинаи ҳастӣ ва роҳнамою роҳкушои инсон ба шумор меравад. Инсони бофарҳангу китобхон ҳама вақт дар ҷомеа обрӯманду соҳибэҳтиром мебошад. 


Тағоймурод Эшзода