Хабарҳо
Ҷавонони худогоҳ мавқеи устувор доранд
Санаи 31-уми октябр дар асоси нақшаи корӣ дарси сиёсиву тарбиявӣ дар мавзуи «Тавсифи умумии истилоҳоти терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва омилҳои ба инҳо монанд ва оқибатҳои он» бо иштироки устодону кормандони донишгоҳ ва донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес баргузор гардид. Маърузакунанда - дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Ҳаитов Сайдалӣ қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Ӯ бо таассуф гуфт, ки дар он баъзе давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ даст дошта, барои ташкил ва зиёд шудани ин амалҳои нангин заминагузорӣ мекунанд. Масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро халалдор менамояд.
Дар музокира сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ А.Давлатзода қайд намуд, ки зери таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтода, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоранд, падару модарон ва наздиконашонро миёни ҷомеа шармсор месозанд. Ин гуна гурӯҳҳо насли ҷавонро бо ақидаҳои гуногун ва бо ҳар роҳу воситаҳо тарғибу ташвиқ мекунанд ва маҳз шахсони аз илму дониш бехабар зуд ба ваъдаи онҳо фирефта гардида, ҳаёти осудаи худро зери хатар мегузоранд.
Дар охир аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мавқеи хеш устувор бошанд.
Бахтовар Давлатов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес