Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Викторина дар самти технологияҳои иттилоотӣ

Викторина дар самти технологияҳои иттилоотӣ

Санаи 30-уми октябри соли равон дар факутети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишгоҳ байни донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 4-ум дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти олимони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ” викторина гузаронида шуд. Дар викторина донишҷӯёни кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика бо номи “Моделсозони ҷавон”, кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо номи “Технологҳо” ва кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт бо номи “Барномасозони ҷавон”, ки дар маҷмуъ, 24 нафарро ташкил медоданд, иштирок намуданд. 
Викторинаро ба ҳайси ҳакамон муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент У. Воҳидов, дотсенти кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт Ф. Соҳибов ва эдвайзер оид ба таълими факултет А. Гулов назорат намуданд. 
Дар анҷом аз тарафи аъзои ҳакамон дастаи “Моделсозони ҷавон” бо гирифтани 57 хол сазовори ҷойи якум, дастаи “Технологҳо” бо гирифтани 35 хол соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи “Барномасозони ҷавон” бо гирифтани 29 хол мақоми сеюмро ишғол намуданд. 
Ба дастаи “Моделсозони ҷавон” диплом ва мукофоти пулӣ ва барои аъзои дастаи “Технологҳо” ва “Барномасозони ҷавон” Ифтихорномаи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт тақдим карда шуд. Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур мунтазам охири ҳар моҳ дар доираи мавзуъҳои мухталифи самти технологияҳои иттилоотӣ гузаронида мешавад. 


Тағоймурод Эшзода