Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шарҳи моҳияти Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»

Шарҳи моҳияти Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»

Санаи 2-юми ноябри соли равон мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода бо устодон, олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни ДДМИТ вобаста ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» доир гардид. 
Нахуст муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Баҳодур Ҷурахонзода иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, таҳти №1920 қабул гардида, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад ва асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд. 
Сипас муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Сураҷ Чоршанбезода ба устодону донишҷӯёни ДДМИТ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва саҳмгузорӣ дар рушди варзиш изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. 
Ба андешаи мавсуф, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мақоми ваколатдор дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба ҳисоб меравад. Тибқи нақша, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ба кумита воҳидҳои кории нав ҷудо гардида, дар он Раёсати тарбияи ватандӯстии ҷавонон таъсис дода мешавад. Вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус, терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад. Маҳз, аз ин дидгоҳ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ саривақтӣ маҳсуб меёбад. 
- Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" шахсони синни аз 14 то 30-сола ҷавонон мебошанд, ки 70 фоизи аҳолии мамлакатро ташкил менамоянд. Роҳбари давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон зиёда аз 10 маротиба мулоқот доир намуда, ҳамеша дастгиру ғамхори ин насл мебошанд. Ҳамзамон, дар ҷаласаҳои Ҳукумати мамлакат ва Паёмҳои Пешвои миллат ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доранд, ки ин ифтихори бузург аст, - гуфт С. Чоршанбезода. 
Гуфта шуд, ки Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои тақвияти масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҷиҳати дар тафаккури онҳо эҷод намудани дарки бошуурона ва ҳисси баланди садоқат ба Ватан, хизмати фидокоронаю беғаразона ба халқу Ватан, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгонамон мебошад. 
Дар идома номбурда дар бораи расидан ба суботу оромӣ, қарзу масъулияти шаҳрвандӣ, вазъи ҷаҳони муосир, саломатӣ ва ҳушёрии сиёсии ҷавонон изҳори андеша намуд. 
Дар охир якчанд устодону донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ бо Ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд. 


Н. Ҷобиров