Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими қонунгузории миллӣ

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими қонунгузории миллӣ

Таҳти чунин унвон санаи 3-юми ноябр дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим кушода, ҳозиринро бо ин санаи бузург табрик намуд. Ҳ.Абдуалимзода қайд намуд, ки Конститутсия ҳуҷҷати муҳимтарин ва тақдирсоз дар таърихи навини Тоҷикистон буда, заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягонаву дунявии Тоҷикистон мебошад. Маҳз Конститутсия танзимкунандаи фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад. 
- Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст, ки Конститутсияи мо ба қатори беҳтарин конститутсияҳои олам дохил мешавад, гуфт ректор. 
Қайд карда шуд, ки се нафар аъзои комиссияи конститутсионӣ, ки ба таҳияи Конститутсия машғул буданд, дар солҳои гуногун дар муассисаи мо кору фаъолият кардаанд ва ҳоло ҳам карда истодаанд. Таъмини сулҳу суботи сартосарӣ, ваҳдати милливу ягонагӣ ва дастовардҳо дар сиёсати хориҷӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд. Конститутсия барномаи амал ва роҳнамои фаъолияти ҳар як сокини кишвар аст, - қайд кард Ҳ.Абдуалимзода. 
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Муртазозода Ҷамшед Саидалӣ баромад намуда, аз номи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аҳли коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ҷ.Муртазозода таъкид дошт, ки нақши шахсиятҳои алоҳида дар таърих бузург аст ва яке аз чунин шахсиятҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар таҳияи Конститутсия нақши калидиро бозидаанд. Конститутсияи соли 1994 қабулшуда ҳамаи соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқро ба танзим даровард ва давлати тозаистиқлолро мутамарказ намуд. То интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат кӯшишҳо барои таъсиси Комиссияи конститутсионӣ карда шуда буд, аммо онҳо натиҷа надоданд. Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд чунин комиссияро ташкил намуда, рисолати он - яъне таҳияи Конститутсияро то ба охир ба анҷом расонанд. Маҳз қабули Конститутсия бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ замина барои ҳалли мушкилот гардид. 
Баъдан, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии ДДМИТ, аъзои Комиссияи конститутсионӣ Исмоилов Шавкат бо маъруза баромад намуда, дар бораи шароити мушкили солҳои 90-уми асри гузашта ва дар чӣ гуна вазъ фаъолият намудани Комиссияи конститутсионӣ маълумот дод. Ш.Исмоилов қайд кард, ки то соли 1994 Тоҷикистон Конститутсия дошт, аммо он ифодагари манфиатҳои халқ набуд. Танҳо дар давоми як сол ба он 12 маротиба тағйирот аз ҷониби парлумон ворид карда шуда буд ва он тағйиротҳо ба нафъи миллату давлат набуданд. Дар тӯли фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба аъзоёни он таъкид намудаанд, ки ҳуҷҷате тартиб диҳед, ки мардумӣ бошад ва мардумро сарҷамъ кунад. Раванди таҳияи Конститутсия бисёр мушкил, мураккаб ва баҳснок буд. Дар натиҷа Конститутсияе қабул гардид, ки ба панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳои олам шомил аст. 
Дар идома мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ Бобоев Ҷамрод баромад намуда, қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳуда яке аз беҳтарин конститутсияҳо ҳисобида намешавад. Он ифодакунандаи арзишҳои волотарини инсонӣ буда, ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон зери ҳимояи он қарор доранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риояи онҳо масъалаҳои меҳварии Конститутсияи Тоҷикистон мебошанд. 
Дар музокира омӯзгорони ДДМИТ Ҳаитов С. ва Каримзода Р. баромад намуда, роҷеъ ба таърихи Конститутсия, моҳияти гуманистии он ва тағйиру иловаҳои воридшуда суханронӣ намуданд.