Хабарҳо
Конститутсия - санади тақдирсоз
Санаи 3-уми октябри соли равон дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо иштироки устодон ва донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзуи «Конститутсия - санади тақдирсоз» доир гардид. Декани факултет С. Темурбекова чорабиниро оғоз намуда, қайд кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар вазияти ниҳоят ҳассос дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардид, воқеан, иҷлосияи таърихӣ буда, боиси ифтихори ҳар шахси ватандӯсту худогоҳ мебошад. Зеро дар он тақдири як миллати соҳибтамаддун баррасӣ гардид. Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ ва интихоб гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ мо тавонистем аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои Истиқлоли давлатиро қавӣ намоем. Маҳз бо шарофати ин иҷлосияи таърихӣ сохтори конститутсионӣ барқарор ва қонуни тартибот ҷорӣ шуда, имкон фароҳам оварда шуд, ки кор дар самти таҳияи лоиҳаи Конститутсия оғоз гардад.
6-уми ноябр аз ҷумлаи санади таърихӣ ва тақдирсоз барои мардуми кишвар мебошад, зеро дар ин рӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва имрӯз ҳамчун қутбнамои зиндагии мардум баромад менамояд.
Дар охир ба ғолибони викторинаи дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти олимони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ” Сипосномаҳо супорида шуданд.
Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт