Хабарҳо
Конститутсия - бахтномаи миллат
Садорати факултети молия ва қарз дар ҳамбастагӣ бо раёсати корҳои тарбиявӣ бо иштироки доираи васеи устодон ва донишҷӯён дар толори конфронсии донишгоҳ ҳамоиши илмӣ баргузор намуд.
Сараввал деканаи факултет Давронҷон Хоҷазада баромад намуда, гуфт, ки қабули Конститутсия барои халқе, ки дар оташи ҷанги таҳмилӣ қарор дошт, хеле мураккабу душвор буд, аммо зиракию қадрдонӣ, ҷасорату матонати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу иродаи қавии халқи тоҷик барои қабули ин санади волои ҳуқуқӣ, ки асоси ҳар як ҷомеаи демократӣ ва давлати соҳибихтиёр аст, мусоидат намуд.
Дар идомаи чорабинӣ устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва зиддикоррупсионӣ С. Мирзоев дар ҳамоиши илмӣ-тарбиявӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия - бахтномаи миллат» маъруза намуд. Сипас, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода дар бораи моҳияти ин санади олии ҳуқуқӣ баромади пурмуҳтаво намуд.
Гуфта шуд, ки Қонуни асосии кишвар, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки миллати куҳанбунёдамон заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Дар навбати худ, донишҷӯён иброз намуданд, ки сиёсати Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои сохтани ҷомеаи озоду ҳуқуқбунёд сарф хоҳанд намуд.
Гузаронидани чунин вохӯриҳои судманд бо донишҷӯён яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кормандони факултет ва раёсати корҳои тарбиявӣ ба ҳисоб рафта, бо ин васила, метавон дар пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва тарбияи ҷавонон дар роҳи дуруст такони ҷиддӣ бахшид.
Самариддини Шоҳназар, эдвайзер оид ба тарбияи факултети молия ва қарз