Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфил бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Маҳфил бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллӣ” санаи 2-уми ноябри соли равон дар донишгоҳ маҳфили илмиву адабии “Сайри сухан” баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷуёни фаъоли аъзои маҳфили илмиву адабии “Сайри сухан” ширкат ва баромад намуданд. 
Зимни ифтитоҳи маҳфил Е.Мирзоева вобаста ба нақши Конститутсия иброз намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вижагиҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи манфиатҳои миллат мебошад. Зеро дар он ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик инъикос ёфтааст. Зимнан, бартарияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷост, ки он худ баёнгари иродаи мустаҳкам ва ғаризаи тамаддунофарии миллати тоҷик мебошад. Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. 
Сипас донишҷуён вобаста ба ин санаи воқеан таърихӣ аз ашъори бузургонамон қироати шеъру ғазалҳо манзури ҳозирин намуданд. Баъдан дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Н.Сироҷева қайд намуд, ки барои мо халқи тамаддунофари тоҷик боиси саодатмандист, ки ба бузургтарин неъмат – истиқлолияти давлатӣ даст ёфтаем ва имкон фароҳам омад, то баъд аз ҳазор сол бо дасти худ барои худамон қонуни асосии кишварамонро эҷод кунем. Аз ин ҷост, ки имрӯз Тоҷикистон бар пояи Конститутсияи худ метавонад дар саҳнаи сиёсати байналмиллалӣ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати густардаву созанда ва мутобиқ ба манфиатҳои ҷонибҳоро мустақилона роҳандозӣ кунад. 
Дар фарҷоми маҳфил аъзоёни фаъол бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд. 


Е.Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия