Хабарҳо
Тарбия як қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм аст
Санаи 11-уми ноябри соли равон дар толори таълимии донишгоҳ бо иштироки доираи васеи падару модарони донишҷӯёни факултети менежмент ва ҳуқуқи иқтисоди вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он Б.Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия, А.Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ, Б.Саторзода, декани факултет, кормандони раёсати корҳои тарбиявӣ, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академии факултет иштирок доштанд. Вохуриро Б.Саторзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, иштироки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон - донишҷӯён ба он оварда мерасонад, ки ҳисси масъулиятшиносии онҳо баланд мегардад.
Баъдан Б.Қодирова баромад намуда, вобаста ба шароитҳои мавҷуда дар донишгоҳ, инчунин интихоби дурусти касби худ дар шароити ҷаҳонишавӣ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқи фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар руҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо, вазифаи омӯзгорон ва падару модарон ва чиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори ақида намуд.
-Баланд бардоштани интизом ва сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот бояд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро пурзӯр намояд, чунки тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад,- гуфт зимни баромади худ Давлатзода А.Д. Дар анҷом аз ҷониби садорати факултет 17 нафар волидони донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доранд, бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Фатҳулло Муминов, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултети менежмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ