Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Самаранокии фаъолияти шурои кураторон дар меҳвари таваҷҷуҳ

Самаранокии фаъолияти шурои кураторон дар меҳвари таваҷҷуҳ

Санаи 11-уми ноябри соли ҷорӣ ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода бо ҳайати кураторони гурӯҳҳои академии донишгоҳ вохӯрд, ки дар он муовинони ректор, сардорони раёсат, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва доираи васеи кураторон иштирок доштанд. 
Нахуст Ҳакимбек Абдуалимзода баромад карда, иброз дошт, ки самаранокии фаъолияти шурои кураторони донишгоҳ чун ҷузъи таркибии муассиса мувофиқ ба миқдори умумии гурӯҳҳои таълимӣ роҳандозӣ мегардад. Соли таҳсили 2023-2024 мувофиқ ба шумораи гурӯҳҳои таълимӣ 231 нафар куратори гурӯҳҳои академӣ дар шурои кураторони гурӯҳҳои академӣ муттаҳид карда шудаанд, ки аз инҳо 41 нафар ба факултети молия ва қарз, 46 нафар ба факултети ҳисобдорӣ ва омор, 39 нафар ба факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, 42 нафар ба факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, 28 нафар ба факултети иқтисод ва бизнес ва 32 нафар ба факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт рост меоянд. 
Дар идома ректор қайд намуд, ки соли ҷорӣ барномаи баргузории соатҳои дарсҳои тарбиявӣ дар таҳрири нав омода ва дастраси кураторони гурӯҳҳои академӣ карда шудааст. Барнома мушаххасан вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кураторони гурӯҳҳои академиро муайян намудааст, аммо иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои кураторони гурӯҳҳои академӣ чандон мувофиқи мақсад роҳандозӣ нашудаанд. Дар асоси барномаи мазкур кураторони гурӯҳҳои академӣ дар доираи 18 банд ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои шурои кураторон, садорати факултетҳо масъалаҳои таълиму тарбияро баррасӣ намуда, фикру андешаҳои хешро баҳри беҳтарсозии фаъолият манзур намоянд. Аз ҷараёни санҷишу имтиҳонҳои устодон дар гурӯҳ ошноӣ дошта бошанд, вазъи давомоти донишҷӯёнро зери назорат қарор диҳанд, донишҷӯёни лаёқатманди гурӯҳро, ки дастовардҳои хуби илмиву таълимӣ, ҷамъиятиву варзишӣ доранд, ҷиҳати қадрдонӣ ва ҳавасманднамоӣ ба унвонии садорати факултет манзур намоянд, донишҷӯёни дарсшиканро зери назорат қарор дода, ҷиҳати хориҷ аз сафи донишҷӯёни донишгоҳ ба унвонии садорати факултет пешниҳод намоянд. Барои ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои илмиву ҷамъиятӣ чораандешӣ намоянд. Дар охир ректор куратонро муваззаф намуд, ки сифати дарсҳои тарбиявиро баланд бардоранд ва дар вазифаю уҳдадориҳои хешро сидқан иҷро кунанд. 
Дар музокира муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Баҳодур Ҷурахонзода ва муовини ректор оид ба тарбия Бунавшамоҳ Қодирова баромад намуда, суханронии ректори донишгоҳро ҷиҳати рушди фаъолияти шурои кураторон ва ҷалби онҳоро ба корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он қобили қабул донистанд. 


Мавҷуда Давлатова, раиси шурои кураторони гурӯҳҳои академии донишгоҳ