Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷалби донишҷӯдухтарон ба пӯшидани либосҳои тавсиявӣ

Ҷалби донишҷӯдухтарон ба пӯшидани либосҳои тавсиявӣ

Дар доираи тарбияи ахлоқии ҷавонон, шиносоӣ ва раванди ба низом даровардани тарзи пӯшидани либос, вазифаву уҳдадориҳои донишҷӯён, бо иштироки кормандони раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ санаи 13-уми ноябри соли равон дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо донишҷӯдухтарон ҳамоиш баргузор гардид. 
Дар ибтидо декани факултет С. Темурбекова ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки раёсати донишгоҳ ба масъалаҳои мубрами ҳаёти донишҷӯдухтарону бонувон таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳад. Шумораи донишҷӯдухтарон низ дар факултет беш аз пеш афзуда истодааст ва баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҷиҳати дар оянда ба мутахассисони дорои таҷриба ва донишҳои мукаммали касбӣ табдил ёфтанашон ҳама тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, мавриди корбарӣ қарор дода мешавад. Дар ин баробар, декани факултет саҳми занону бонувони донишгоҳро дар таълиму тарбия назаррас хонда, қайд намуд, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки дар он бонувони тоҷик фаъолияти пурсамар надошта бошанд. 
Баъдан, раиси шурои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ Тахмина Умаралиева ба сухан баромада, бобати масъалаҳои гуногуни марбут ба ахлоқ ва фаъолнокнамоии донишҷӯдухтарон андешаронӣ кард. Номбурда, аз ҷумла, хотирнишон намуд, ки масъалаи фаъолнамоии ҷавондухтарон дар муассиса яке аз мавзуъҳои калидӣ ва мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб меравад ва дар доираи ҳамин мақсадҳо ҳамасола донишҷӯдухтарону бонувон барои таҳсил ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд. 
Ҳамзамон, дар ҷаласа ба масъалаи ташаккули маърифати фарҳангиву ахлоқии донишҷӯдухтарон низ таваҷҷуҳ намуда, қайд гардид, ки зарур аст муқаррароти Дастурамали қоидаҳои либоспӯшӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва олии касбӣ пурраву воқеъбинона амалӣ шуда, минбаъд ҳам садорати факултет кори худро дар самти пӯшидани либосҳои тавсиявии донишҷӯдухтарон фаъолтар мекунад ва ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳалталаби занону донишҷӯдухтарон сари вақт расидагӣ хоҳад кард. 


Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба корҳои тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт