Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Президент нишони эҳтиром аст
Санаи 15-уми ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ конференсияи илмию сиёсии хайати профессорону устодон ва донишҷӯёни муассиса зери унвони «Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори тафаккури муосири давлатдории миллӣ» доир гардид, ки дар он Рашид Алимов, ходими давлатию сиёсӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махфират Хидирзода, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода ҳамагонро бо Рӯзи Президент муборак гуфта, дар бораи ташаббусҳои созанда ва тадбирандешиҳои ҳакимонаи Пешвои миллат андешаронӣ намуда, афзуд, ки имрӯз зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд ва суботи давлати мо мебошад.
Таърих бо воқеаҳои сарнавиштсози худ собит намуд, ки интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мамлакат падидаи барҷастаи ояндасоз мебошад. Воқеан пешрафтҳои азиме, ки дар ин марҳила дар мамлакати соҳибистиқлоламон ба вуҷуд омадаанд, ба иродаи қавии сиёсӣ, ғурури баланди миллӣ, кору пайкор, неруи созандаи Сарвари хирадманду тавоно пайванд мегиранд. Зиндагиву фаъолияти содиқона ва пурсамари Пешвои миллат барои ҳар фарди бедордилу ватандӯст мояи ифтихору сарбаландӣ ва дарси ибрат аст, гуфт ректор.
Ӯ дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва иқдомҳои Пешвои миллат, ки барои рушди соҳаи маориф ва барои дастгирии ҷавонон равона гардидаанд, муфассал истода гузашт.
Дар идома профессор Рашид Алимов баромад карда, афзуд, ки таърихи имрӯзаи Тоҷикистон собит месозад, ки як шахсияти соҳибирода ва хирадманд метавонад дар таърихи миллат ва давлати худ нақши сарнавиштсоз дошта бошад. Ин воқеиятро корҳои созандагии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳофарӣ, ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии кишвар пурра собит намуд.
Маҳз хирадмандӣ, дурандешию ояндабинии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ибтидо ба ҳалли масоиле даст заданд, ки барои ҳифзи миллату давлат мубрам маҳсуб меёфтанд ва зина ба зина сохтори мухталифи хоҷагии халқ рушд дода шуд. 3 сентябри соли 1993 дар дипломатияи тоҷик саҳифаи наве оғоз гардид, зеро дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ шомил шуд ва аз минбари баланди он овози Тоҷикистон тавассути Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд гардид.
Таҷлили Рӯзи Президент имконияти хубест барои эҳтиром гузоштан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гуфт дар охир Р.Алимов.
Сипас Махфират Хидирзода баромад карда, дар бораи моҳияти рӯзи Президент ва Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олӣ андешаҳояшро иброз дошт. Ӯ гуфт, ки бо гузашти зиёда аз 30 сол аз рӯзи баргузории ин иҷлосия ва арзёбии дигаргуниҳои куллии дар Тоҷикистон ба вуқуъомада метавон хулоса намуд, ки дар асл Иҷлосияи ХVI рӯйдоди таърихиест, ки дар баробари дигар ҷанбаҳои муҳимми худ, шахсияти таърихиро ба арсаи сиёсӣ ворид намуда, ба ташаккули дарки арзишии таърих мусоидат намуд. Аз диди таърихию сиёсӣ баҳо додан ба воқеияти иҷтимоии он замон аён месозад, ки вазъи мушкил ва буҳрони ҳокимият раванди ташаккули муносибатҳои ҷамъиятиро мушкилу номумкин гардонида буданд. Маҳз дар чунин шароит ба уҳда гирифтани идоракунии ҷомеа ва ба танзим даровардани тамоми муносибатҳо ба шахсе имкон медод, ки ӯ воқеан ҳам дорои иродаи сиёсӣ ва қудрати фавқулодаи идоракунӣ бошад. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.
Таҷрибаи идоракунӣ давоми се даҳсолаи сипаришуда нишон медиҳад, ки банақшагирӣ ва пешбинии сиёсии ниҳоди президентӣ муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, барои дуруст муайян намудани афзалият дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ мерасонад.
Бо гузашти марҳалаи муайяни таърихӣ, ки воқеияти иҷтимоию сиёсӣ комилан дигаргун гаштааст, эътирофи ҷомеа ба ташаккули арзиши нави сиёсӣ – Пешвои миллат сабаб гардид. Моҳияти дастурии он имкон дод, ки ниҳоди Пешвои миллат ҳамчун мақоми нави иҷтимоӣ пазируфта ва эътироф шавад.
Дар ҷамъбаст Рашид Алимов, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун профессори фахрии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон пазируфта шуд.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни «Беҳтарин донандагони асарҳои Пешвои миллат» Ифтихорномаҳо супорида шуд.
Машҳура Абдуллоева