Хабарҳо
Нақши асарҳои Пешвои миллат дар рушди худшиносии миллӣ
Дар ҳамбастагӣ бо раёсати илм ва инноватсия, раёсати корҳои тарбиявӣ ва кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ санаи 11-уми ноябри соли равон бо иштироки доираи васеи устодон ва донишҷӯён мизи мудаввари донишгоҳӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши асарҳои Пешвои миллат дар рушди худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Онро бо суханони муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм Б.Сафаров кушода, гуфт, ки асарҳои Пешвои миллат барои тақвияти худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон нақши калидӣ дорад, зеро дар ин асарҳо таърихи зиндаи халқи тоҷик инъикос гардидаанд.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, дотсент Абдулло Ғафуров дар мавзуи «Ҷанбаҳои таърихии “Чеҳраҳои мондагор” ва “Уфуқҳои истиқлол” – и Эмомалӣ Раҳмон» ва дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ Сайфулло Сафаров дар мавзуи “Пешвои миллат ва рушди худшиносии миллӣ” баромади пурмуҳтаво намуданд.
Гуфта шуд, ки мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон дар натиҷаи мутолиаи асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» таъсири хуб дорад. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади Пешвои миллати мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд.
Дар музокира ва ҷамъбасти мизи мудаввар устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ А.Муллоҷонов, С.Ҳабибов ва М.Зарифов баромад намуданд.
Д. Сангинов, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ