Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Парчам – рамзи истиқлолияти давлатӣ

Парчам – рамзи истиқлолияти давлатӣ

Таҳти ҳамин унвон санаи 20-уми ноябри соли равон дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Парчам баргузор гардид, ки дар он доираи васеи устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон ва гузашти донишҷӯён бо Парчами давлатӣ оғоз ёфт. 
Декани факултет С.Темурбекова дар баромади худ қайд намуд, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами худ муаррифӣ мегардад. Бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш зиёд мешавад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлоли комил ва умед ба фардои нек мебошад. 
Сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ А Давлатзода дар баромади худ қайд намуд, ки воқеан дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ нишони якпорчагӣ, мустақилият ва ваҳдати миллӣ буда, давлат тавассути он дар ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Парчами давлатӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати мутамаддину бомаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллату Ватан ва ҳидоятгару раҳнамои мардум ба сӯи шукуфоӣ ва зиндагии босаодат мебошад. 
Дар анҷоми чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ аз аз ҷониби донишҷӯёни факултет дар бораи Парчами давлатӣ шеърҳо қироат ва сурудҳо сароида шуданд. 


Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба корҳои тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт