Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Парчам – рамзи истиқлоли давлат

Парчам – рамзи истиқлоли давлат

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-уми ноябри соли равон дар факултети иқтисод ва бизнеси донишгоҳ ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид. 
Онро декани факултет А. Нурализода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин санаи муборак табрику таҳният гуфт ва қайд намуд, ки парчам дар ҷомеаи муосири тоҷик ва дар фарҳанги давлатдориву сиёсатмадорӣ муқаддас шумурда мешавад, зеро он муаррифгари давлати ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлоли мо мебошад. 
Сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим А.Муллоҷонов ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода бо истифода аз слайд бо нишон додани аввалин парчамҳои тоҷикон баромади пурмуҳтаво намуданд. 
Гуфта шуд, ки 24-уми майи соли 2011 дар маркази пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар дунё ба дарозии 165 метр, 60 метр дарозӣ ва 30 метр бари матоъ қомат афрохт. 
Дар ҳақиқат, Парчам ин рамзи номус ва шаъну шарафи миллати сарбаланди тоҷик ва нишони сарфарозии ҳар шаҳрванд маҳсуб мегардад. 
Дар анҷоми ҳамоиши сиёсӣ аз тарафи садорати факултет ба 9 нафар устодон ва донишҷӯён, ки дар озмунҳо ҷой гирифта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, ифтихорнома тақдим гардид. 


Бахтовар Давлатов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес