Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамкориҳои хориҷии ДДМИТ вусъат меёбанд

Ҳамкориҳои хориҷии ДДМИТ вусъат меёбанд

Тақвияти робитаҳо ва ба роҳ мондани муносибатҳои судманд бо муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин замина, санаи 22-юми ноябр ҳайати Донишкадаи тиҷоратии Донишгоҳи омӯзгории Синзян таҳти роҳбарии директори донишкада ҷаноби Ли Сюаншэн ба ДДМИТ ташриф оварданд. Зимни музокирот ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим қайд намуд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Чин ба сатҳи муносибатҳои стратегӣ расида, дар ҳоли рушданд. Маҳз дар заминаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳо равобити муассисаҳои таълимиву илмӣ тавсеа меёбанд. Ҳамкориҳои ДДМИТ бо муассисаҳои таълимиву илмии Чин дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд. Қайд карда шуд, ки минбаъд низ муносибатҳои судманд бо ҳамкорони чинӣ тақвият дода мешаванд. Ҳ.Абдуалимзода таъкид намуд, ки дар асоси созишномаи ҳамкорӣ бо Донишкадаи тиҷоратии Донишгоҳи омӯзгории Синзян ташкили курсҳои такмили ихтисос, табодули академии донишҷӯёну устодон, ташкили дарсу семинарҳои маҷозӣ, таҳияи якҷояи мақолаҳову дигар маводи илмӣ ва амалинамоии якҷояи лоиҳаҳо дар назар аст. 
Зимни баромади худ директори Донишкадаи тиҷоратии Донишгоҳи омӯзгории Синзян ҷаноби Ли Сюаншэн аз пазироии гарми ҷониби ДДМИТ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ДДМИТ яке аз муассисаҳои таълимии пешсафи Тоҷикистон буда, аз таҷрибаи он хуб истифода бурдан мумкин аст. Иқтидори зеҳнии ДДМИТ низ қавӣ буда, ҳайати профессорону устодони он дар якҷоягӣ бо олимону муҳаққиқони Донишкадаи тиҷоратии Донишгоҳи омӯзгории Синзян метавонанд дар амалишавии лоиҳаҳо ва барномаҳои фармоишӣ фаъолона иштирок кунанд. Ҷаноби Ли Сюаншэн аз пешравиҳову дастовардҳои Тоҷикистон низ ёдовар шуд, ки натиҷаи сиёсати дурустии иқтисодии пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад. 
Дар фарҷоми музокирот созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи тиҷоратии Донишгоҳи омӯзгории Синзян ба имзо расонида шуд. Ҳайати меҳмонон аз шарту шароитҳои таълим дар ДДМИТ дидан намуда, ба вазъи моддиву техникии донишгоҳ баҳои баланд доданд. 


Фаридун Сафарзода