Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Арҷгузории Парчам эҳтироми миллат аст

Арҷгузории Парчам эҳтироми миллат аст

Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии сиёсию фарҳангӣ таҳти унвони «Қудрати озодагонро авҷи ҳикмат аст, Парчам!» доир гардид. Дар он Зарина Файзуллозода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Беҳрӯз Исоев, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. 
Чорабиниро Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори донишгоҳ кушода, аҳли нишастро бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ барои ҳар як сокини мамлакат нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Парчами Тоҷикистон сокинони кишварро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар даъват менамояд ва имрӯз мо бояд аз Парчами давлатии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон талқин созем, гуфт ректор. 
Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Парчами давлатӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи зиндагии пурсаодат мебошад. 
Миллати фарҳангсолори тоҷик аз азал соҳибпарчам буда‚ орзую омол ва эҳсоси хештаншиносии худро бо он ифода менамуд. Эҳтироми парчам арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ниёгони тамаддунсоз, эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорист, - гуфт дар охир Абдуалимзода Ҳ. 
Сипас ба чанд нафар донишҷӯёни фаъол – иштирокчиёни озмуни байналмилалӣ Одинашоева Меҳрона, донишҷӯи курси 3, факултети молия ва қарз, Тӯраев Қурбоналӣ ва Рустамзода Баҳриддин, донишҷӯёни курси 4, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ бо нишони сарисинагии Ассотсиатсияи донишҷӯёни ИДМ мукофотонида шуданд. 
Чорабиниро барномаи ҷолиби консертии омоданамудаи шуъбаи фарҳанги донишгоҳ бо сарварии Ҷурамуроди Муҳаммадназар иборат аз рақсу суруд, саҳначаи ҳаҷвӣ ва шеърхонӣ дар васфи Парчами давлатӣ диданӣ ва ҷолиб намуд. 


Машҳура Абдуллоева