Хабарҳо
Рамзи истиқлол ва давлатдории миллӣ
Санаи 22-юми ноябр дар факултети молия ва қарзи донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчам - рамзи истиқлол ва давлатдории миллӣ” ҳамоиши илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид. Дар он сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим А. Муллоҷонов ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А. Давлатзода иштирок намуданд.
Ҳамоишро декани факултет Давронҷон Хоҷазода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин санаи муборак табрику таҳният гуфт. Номбурда аз ҷумла қайд намуд, ки тибқи тадқиқоти бостоншиносон, парчами тоҷикон таърихи на кам аз 4500-сола дорад ва он дар ҷомеаи муосири тоҷик муқаддас шумурда мешавад, зеро он муаррифгари давлати ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлоли мо мебошад.
А. Муллоҷонов ва А. Давлатзода дар баромадашон аз таърихи ташаккули парчами тоҷикон аз даврони қадим то имрӯз изҳори ақида намуда, қайд карданд, ки парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст.
Парчами давлатии Тоҷикистон хамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумла рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар давлатҳо дар фазои созмонҳои ҷаҳонӣ парафшон аст, ки ин албатта, мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми тоҷикон мебошад. Парчами давлатӣ дар ҳакиқат, нишонаи бақои миллату давлат ва ваҳдату ҳувияти миллӣ аст. Он беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон маҳсуб мешавад.
Дар анҷоми ҳамоиши илмӣ-тарбиявӣ аз тарафи садорати факултет ба устодон ва донишҷӯёне, ки дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамуданд, ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Тағоймурод Эшзода