Хабарҳо
Аз вазъи солимии худ огоҳ бош!
Санаи 23-уми ноябри соли равон, мувофиқи нақша-чорабиниҳои Нуқтаи тиббии ДДМИТ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД) дар толори таълимӣ бо намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир гардид. Дар он муовини ректор оид ба тарбия Бунафшамоҳ Қодирова, сармутахассиси шуъбаи бемориҳои сироятӣ Қурбоналӣ Исмонов, сардори шуъбаи мониторинги Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Эмомалӣ Шарипов ва таҳлилгари ин шуъба Фариддун Асоев иштирок намуданд.
Мутахассисони соҳаи тиб бо нишон додани слайдҳо қайд намуданд, ки ВНМО бемориест, ки онро барангезандаҳои норасоии масунияти бадан пайдо менамоянд ва танҳо дар ҳуҷайраҳои қувваи муҳофизавӣ инкишоф ёфта метавонад.
Баромадкунандагон, ҳамчунин дар масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳҳои пешгирӣ намудани ин беморӣ фикрҳои ҷолиб баён карда, ба суоли донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш дода, ба фаъолони чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар идома донишҷӯён бо истифода аз техникаи соҳавии тандурустӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо варақаҳои таблиғотии пешгирӣ аз бемориҳои ВНМО-ро тақсим карданд.
Тағоймурод Эшзода