Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Методологияи арзёбӣ ва амсиласозии ҷанбаҳои мухталифи иқтисодиёт

Методологияи арзёбӣ ва амсиласозии ҷанбаҳои мухталифи иқтисодиёт

Санаи 24-уми ноябри соли равон дар ДДМИТ конференсияи байналмилалии илмӣ дар мавзуи “Методологияи арзёбӣ ва амсиласозии ҷанбаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва минтақавӣ” баргузор гардид. 
Дар он Белошитский Д.С., унвонҷӯи Академияи гуманитарии Омск дар мавзуи “Амсиласозии ҳамгирошудаи арзёбии амнияти иқтисодии минтақавӣ”, Трисенов Д.Д., муовини директори Институти таҳсилоти мутассили Донишгоҳи давлатии Бурятия дар мавзуи “Иқтидори маърифатии иқтисодиёти минтақавӣ: арзёбӣ ва амсиласозӣ (дар заминаи маводҳои Ҷумҳурии Бурятияи Федерасияи Руссия)” бо таври маҷозӣ ва С. Зубайдов, дотсенти кафедраи математика ва системаҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Амсиласозии физикию иқтисодии низомҳои иқтисодӣ (дар мисоли бозори истеъмолӣ)” баромад намуданд. 
Дар музокира ва мубоҳисаҳо муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров, раиси Шурои диссертатсионии ДДМИТ Ҳ. Фақеров ва профессорон М. Кошонова ва С. Мирсаидов таклифҳои судманд намуданд. 
Баргузор намудани чунин конфренсияҳо дар шароити иқтисоди бозорӣ ба манфиати ҳамагон буда, дар рушди иқтисоди байни давлатҳо мусоидат мекунад. 


Тағоймурод Эшзода