Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ

Ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ

Рӯзи 25-уми ноябр бо ташаббуси кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёти факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ, бахшида ба «Солҳои рушди саноат» (2022-2026) ва 75-солагии доктори илмҳои техникӣ, профессор Фахриддин Мирзоаҳмадов конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ ва тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар он олимон, омӯзгорон, донишҷӯён ва пайвандони устод Ф. Мирзоаҳмадов иштирок намуданд. 
Ректори ДДМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим нахуст меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаи илмиро хайрамақдам гуфта, ба онҳо барои иштирокашон изҳори сипос кард. 
Ҳ. Абдуалимзода иброз дошт, ки инқилоби илмиву техникӣ дар охирҳои асри гузашта ба вуҷуд омад. Таъсири ин раванд ба сохторҳои истеҳсолот, тақсимот, истеъмолот ва хизматрасонӣ мавқеи инсонро дар он ва тарзи ҳаётгузарониро дигаргун карда, боиси пешрафти мавқеи иттилоот дар тамоми самтҳои иқтисодиёт гардид. Дар натиҷаи пешрафти техника рақамикунонӣ ба вуҷуд омад. Айни замон рақамикунонӣ яке аз омилҳои самараноку муҳимтарини иқтисодиёти мамлакатҳо ва таъмини талаботи аҳолӣ ба шумор меравад. Рақамикунонӣ ин ҷорӣ намудани технологияҳои васеи рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, кишоварзӣ, маориф, хизматрасонӣ ва ғайра мебошад. Технологияҳои рақамӣ барои инсон имконияти нави воридшавӣ ба муҳити автоматикунонидашудаи тамоми фаъолияти ҷамъиятиро фароҳам овард. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рақамикунонии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт диққати ҷиддӣ медиҳад. 
Ба андешаи мавсуф, яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёт ин иттилоот мебошад, ки тавассути он иқтисодиёти мо метавонад рушд кунад. 
Дар кори конференсия профессори Донишгоҳи илмҳои амалии Гамбурги Ҷумҳурии Федералии Олмон Марина Тропман-Фрих дар мавзуи матраҳгардида ба таври маҷозӣ суханронӣ намуда, тиҷорати электрониро роҳи нави тараққиёти мамлакатҳо ва боиси вусъати ҳамкориҳо маънидод намуд. 
Муҳаммадӣ Ибодуллоев, н.и.и., дотсент, директори фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» дар мавзуи «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ: ҳолати кунунӣ, дурнамо, таҷрибаи байналхалқӣ дар мисоли кишварҳои Осиёи Миёна» баромад намуд. Ӯ иброз дошт, ки дар раванди рақамикунонӣ ягона талаботи муҳим ин аст, ки шаҳрванд бояд дар маркази диққат қарор дошта бошад. Дороиҳои аввалиндараҷаи ин ҷараён бошад, иродаи сиёсӣ бояд дар ҳар зина бошад, ки корро пеш барад, инчунин, неруи инсонӣ ва маблағгузорӣ нақши муҳиму муассир дорад. 
Тибқи таҳлилҳои маърузачӣ дастрасӣ ба хизматрасониҳои электронии давлатӣ дар Қазоқистон 627 хизматрасонӣ, дар Узбекистон 370 хизматрасонии онлайнӣ ва аз он 309 хизматрасонӣ тавассути марказҳо ва дар Қирғизистон 149 хизматрасонӣ роҳандозӣ гардидааст. 
Маҳмадрасул Қурбонов, н.и.и., дотсент, сардори шуъбаи хизматрасонии техникӣ ва хизматрасонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Иқтисодиёти рақамӣ: вазъ ва дурнамои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаи пурмуҳтаво намуда, ба масъалаи бехатарии иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Тиҷорати анъанавӣ «хомӯшона» ба тиҷорати электронӣ табдил меёбад. Аз ҷумла, ӯ қайд кард, ки фарҳанги истифодабарии бонкдориро бояд омӯхт, то хатари аз даст додани маблағҳои ҳамёни электронӣ ба мо рӯй надиҳад. 
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки иқтисоди рақамӣ ин фаъолияти нави иқтисодӣ буда, дар он фаъолият дар заминаи технологияҳои рақамии марбут ба бизнеси электронии молу хизматҳо ва истеҳсолот ба роҳ монда мешавад. Дар шароити муосир раванди гузариш ба иқтисоди рақамӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. 
Дар идома Умар Воҳидов, дотсенти кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистикаи ДДМИТ китоби Усмон Шокир ва Тоҳирхоҷаи Ҳасанзод «Бурду бохтҳои зиндагии олим (дар ду қарн)», дар бораи ҳаёт ва фаъолияти доктори илмҳои техникӣ, профессор Фахриддин Мирзоаҳмадовро муаррифӣ намуд. 
Конференсия дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамӣ идома ёфт. 


Наврӯз Ҷобиров