Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳимояи бомуваффақияти бонувони ДДМИТ

Ҳимояи бомуваффақияти бонувони ДДМИТ

Сол то сол афзудани ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ дар донишгоҳ барои тақвияти иқтидори илмии таълимгоҳ заминагузор буда, дар болоравии сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат менамояд. 
Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии мамлакат ба мақоми занон пайваста зиёд мегардад. Ин аст, ки сафи олимони ҷавони донишгоҳ аз ҳисоби занону бонувон низ бештар гардида истодааст. Ин навбат санаи 24-уми ноябри соли равон дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА014 назди ДДМИТ ҳимояи рисолаи номзадии муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ Сабоҳат Исмоилова дар мавзуи “Таъмини молиявии рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.07 - молия, муомилоти пулӣ ва қарз таҳти роҳбарии Дилбар Қандиёрова, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ доир гардид. 
Инчунин, санаи 1-уми декабри соли равон дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ Манзура Ҳасанова дар мавзуи “Воҳидҳои андоза дар забони тоҷикӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси 5.9.6 - забони халқҳои мамолики хориҷӣ таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ш. Кабиров рисолаи номзадии хешро бомуваффақият ҳимоя намуд. 
Мо бо ин дастоварди бузург Сабоҳат Исмоилова ва Манзура Ҳасановаро муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиашон комёбиҳои нав ба нав таманно дорем. 


Тағоймурод Эшзода