Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши моделсозии макроиқтисодӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ

Нақши моделсозии макроиқтисодӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ

2-юми декабри соли равон бо ибтикори кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистикаи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишгоҳ бахшида ба солҳои 2020-2040 - “Бистсолагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар мавзуи “Мубрамияти таҳияи моделҳои иқтисодӣ-риёзӣ ва иттилоотӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” мизи мудаввар доир гардид. Нахуст сардори раёсати раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева қайд кард, ки аҳамияти рушди соҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зарурати ҳамгироии босуръати кишвар ба фазои иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ иборат мебошад. 
Сипас, сардори Раёсати дурнамосозӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Ҷалолов дар мавзуи “Нақши моделсозии макроиқтисодӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” баромад намуд. Номбурда зикр кард, ки сарфи назар аз дигаргунсозиҳо дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллии мо, ба шарофати ислоҳоти пурсамари иқтисодӣ, татбиқи стратегияву барномаҳо ва андешидани тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард сомонӣ ба 115 миллиард сомонӣ расида, ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзуд. Аз ҷумла, дар соли 2022 корҳо ҷиҳати ҳифзи устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири таҳдидҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, фаъолияти мунтазами фаъолияти бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ беҳбудии фазои сармоягузорӣ ва дастгирӣ намудани соҳибкорӣ ба мал омад, ки дар натиҷаи он тараққиёти хоҷагии халқ ба дараҷаи 8 фоиз таъмин гардид. 
Дар охир музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифта, устодон ва донишҷӯён ба худ як ҷаҳон таассурот бардоштанд. 


Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт