Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Аз 29 ноябр то 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Кирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.